Ҳушдор аз хатари сел дар ду рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 16-17 апрели соли 2024 дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ ба ғайр аз навоҳии шарқии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сел боқӣ мемонад. Илова бар ин, дар натиҷаи боришот хатари баланд шудани сатҳи об дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, вуҷуд дорад.

 Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили обанборҳо худдорӣ кунанд ва ё агар мераванд, пас эҳтиёт кунанд. Сайёҳон хати ҳаракати худро ба самти навоҳии кӯҳӣ бо дар назар гирифтани ахбори расида аз КҲФ тартиб диҳанд. 

Инчунин, Кумита аз аҳолӣ даъват менамояд, ки ҳангоми ҳаракат аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, ҳангоми ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор эҳтиёткор бошанд.

КҲФ ба сокинони манотиқи кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ муроҷиат карда, ба онҳо тавсия медиҳад, ки ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳҳои наздики обанборҳо эҳтиёткор бошанд.

Илова бар ин, Кумита барои пешгирии окибатҳои сел аз аҳолӣ даъват менамояд, ки сари вақт селроҳаҳо, ҷӯйборҳо ва каналҳоро тоза кунанд, то оби сел бемамониат ба маҷрои худ ҷорӣ шавад. 

барчасп: