Ҳалокати як сокини ноҳияи Файзобод, ки чукричинӣ рафта буд

16 апрели соли 2024 як сокини 31-солаи деҳаи Кӯлобиёни ҷамоати Чашмасори ноҳияи Файзобод бо мақсади ҷамъоварии чукрӣ ба кӯҳи назди деҳа рафт ва баногоҳ пояш лағжид ва аз баландии 30 метр ба зер сарозер шуд.

Ҷасади ӯро ҳамдеҳаҳояш пайдо карданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо ҳушдор дода буд, ки дар рӯзҳои боронӣ ба кӯҳу дара ҷиҳати ҷамъоварии рустаниҳои дорувор, шикор ё чорвочаронӣ ба доманакӯҳҳо нараванд.  Аммо мутаассифона, тавсияҳо ва ҳушдорҳои Кумита аз ҷониби сокинон нодида гирифта мешавад ва ин боиси ин гуна ҳодисаҳои нохуш мешавад.

Кумита як бори дигар аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки ҳушёр боше два ҷони худро дар хатар наандозед.

барчасп: