Баргузории ҷаласаи Коллегияи КҲФ

13 апрели соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси КҲФ генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид, ки натиҷаи фаъолияти семоҳаи аввали соли 2024-ро мавриди барарсӣ қарор дод.

Дар ҷаласа роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии КҲФ, воҳидҳои ҳудудӣ ва фармондеҳони қисмҳои низомии КҲФ ҳузурӣ ва роҳбарияти воҳидҳои КҲФ дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Рашт онлайн иштирок намуданд.

 Ба рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин дохил карда шуданд: Натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои Кумита дар давраи зимистони солҳои 2023-2024 ва таҳлили вазъи омодагии воҳидҳои сохтории вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Кумита ба мавсими баҳор ва тобистони соли 2024, риояи интизоми ҳарбӣ, омодагии ҳарбии Дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохторӣ ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ, инчунин омода намудани сохторҳои дахлдори Кумита ба даъвати баҳории соли 2024.

Дар ҷаласа чорабиниҳои муҳимтарини дар семоҳаи аввал анҷомдодашуда, муваффақиятҳои бадастомада ва камбудиҳои ҷодошта, инчунин тадбирҳои асосӣ дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳурӣ дар семоҳаи дуюми соли 2024 муфассал баррасӣ гардиданд. 

Дар ҷаласа аз рӯи масъалаи аввал ҳисоботи сардори Сарраёсати мудофиаи гражданӣ полковник Вализода Х. ва сардорони раёсатҳои минтақавии КҲФ, шаҳри Душанбе ва шӯъбаҳои байниноҳиявии КҲФ дар минтақаҳои Кӯлоб ва Рашт шунида шуд.

Аз рӯи масъалаи дуюм муовини раиси Кумита генерал-майор Иброҳимзода И., сардори Сарраёсати Қӯшунҳои КҲФ ва фармондеҳони қисмҳои низомӣ ҳисобот доданд.

Сарвари КҲФ таваҷҷуҳи роҳбарони шӯъбаҳои Кумитаро ба омодагии саривақтӣ ва касбӣ барои вокуниш ба эҳтимоли фаромадани тарма, ярч, сел, сангрезӣ ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар фасли баҳору тобистон ҷалб намуд.

Сардори идораи наҷоти кишвар супориш дод, ки дар доираи фаъолияти Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда барои омӯзиши иловагии минтақаҳои хатарнок гурӯҳҳои махсус ташкил карда, масъалаҳои захираҳои мавҷуда ва иловагиро баррасӣ намуда, дар байни аҳолӣ машқҳои махсуси омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода гузаронанд.  

 Раиси Кумита ба бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои аз ҷониби ҳайати шахсӣ содиршаванда, таҳкими интизоми ҳарбиву корӣ ва баланд бардоштани масъулияти шахсии ҳар як корманди Кумита дар иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ диққати махсус дод.

Дар хотима ба ҳалли ҳар масъалаи баррасишуда ва рафъи камбудиҳои ҷодошта муҳлати мушаххас муайян карда шуд.

барчасп: