Ҳушдори КҲФ аз боронҳои шадиду селҳо дар чанд рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки рӯзҳои 13-15 апрели соли 2024 дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, ҳамчунин 15 апрел дар навоҳии наздикӯҳии вилояти Суғд хатари омадани селҳо вуҷуд хоҳад дошт.

Бар асари боронҳои пуршиддат сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорианд, боло меравад. 

Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба кӯҳҳо, шикор, чорвочаронӣ, ҷамъоварии занбӯруғҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар кӯҳҳо мерӯянд, рафтан ба соҳили обҳо барои моҳидорӣ ва ғайра худдорӣ кунанд. 

Ба бачаҳои бештар таваҷҷуҳ кунед ва онҳоро ҳаргиз беназорат нагузоред. Барои пешгирии аз хатари сел сари вақт ҷӯйборҳо ва каналҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна селовардаҳо тоза кунед.  

КҲФ ба дӯстдорони кӯҳгардӣ, дучархаронӣ ва ғайра ҳушдор медиҳад, ки дар ин гуна рӯзҳо сафар бо роҳҳои кӯҳӣ хатарнок аст ва ҷиддан эҳтиёт кунанд. Худдорӣ аз ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ дар рӯзҳои боронӣ беҳтарин роҳи таъмини амнияти худ аст.  

барчасп: