Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 2- 3 апрели соли равон бар асари боло рафтани ҳарорати ҳаво дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ хатари лағзиши тармаву резиши санг таҳдид мекунад.
Дар ҳамин иртибот Кумита як бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳое, ки эҳтимоли лағжиши тарма ва регу санг доранд, худдорӣ намоянд. Рафтан ба доманакӯӯҳо барои ғунучини гиёҳҳои доруворӣ, ҳезум, ба шикоргоҳҳо барои шикор ва соҳили обҳо барои моҳидориӣ маслиҳат нест.
Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ пеш аз ҳама фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд, суръати ҳаракатро боло набаранд, ки аксари садамаҳои бақайдгирифташудаи мошин вақтҳои охир ба ҳамин сабабҳо рух додааст.
Сокинон бояд каналу ҷӯйборҳо ва селроҳаҳои назди манзили зисти худро сари вақт тоза кунанд.
Муҳтарам падарону модароне, ки дар ин гуна маконҳои пурхатар зиндагонӣ мекунед!
Аз Шумо бо эҳтиром хоҳиш мекунем фарзандони нобилиғатонро беназорат нагузорем. Ҳар қадами онҳоро зери назорат дошта бошед. Агар шумо фарзандонатонро ба мактаб ва ё ҷойи дигар фиристоданиед, ҳатман онҳоро дар бораи хатарҳои эҳтимолӣ дар ҷараён гузоред. Дар бораи хатарҳои тармаву резиши санг суҳбат кунед ва ба онҳо фаҳмонед, ки агар ба ин гуна ҳодисаҳо рӯбарӯ шаванд, бояд чӣ кор кунанд.
Фарзандонатон нури чашмони шумоянд ва нагузоред, ки ба пояшон хор халад!
Агар Шумо ба ягон ҳодисаи фавқулода рӯ ба рӯ шудед, фавран ба телефонҳои зерин ба хадамоти наҷоти Кумита муроҷиат кунед:
112;
223 13 11
221 91 19
93 880 28 19