Заминларза дар Тоҷикистон

Бино ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 ноябри соли 2023 соати 15:00 бо вақти маҳаллӣ дар кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин заминларза 260 километр шимолу шарқи шаҳри  Душанбе буд. Қувваи он дар маказаш 5 балл ва дар ҳудуди ВМКБ 3-4 баллро ташкил дод.

Заминларза талафоти ҷонӣ ва хисорати дигар надошт.  

барчасп: