Резиши санг роҳи Душанбе-Хуҷандро баст. Ронандагон беш аз пеш эҳтиёт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба сабаби боришоти пуршиддат дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 24 ноябри соли 2024 хатари резиши санг боқӣ мемонад.

Чунончӣ,  23 ноябри соли 2023 дар километри 119 роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд, ки аз қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд мегузарад сангрезиш ба қайд гирифта шуд. Дар айни замон роҳ дар ин минтақа баста аст.

Дар ин сангрезиш талафоти ҷониву хисороти дигар набуд. 

Дар роҳҳои мошингарди Душанбе - Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе - Дарвоз – Хоруғ дар соатҳои субгоҳиву бегоҳирӯзӣ яхбандӣ, ҳамчунин хатари резиши санг боқӣ мемонад. 

Дар ҳамин иртибот Кумита ба аҳолӣ тавсия медиҳад, ки корҳои саҳроии мондаро сари вақт ба анҷом расонанд, дар ҷамъоварии ҳосили расида таъхир накунанд. Дар ҳоле агар коҳҳои дар саҳро монда доранд, пас барои аз борон осеб надидан онро сари вақт рупӯш кунанд. 

Бештар ба чорвои хонагӣ ва чорвои саҳро эътибор бояд дод.

Мо аз шаҳрвандон хоҳиш мекнуем ҳангоми гаштугузор дар кӯҳҳо дар чунин ҳаво хеле эҳтиёткор бошанд. Дар чунин рӯзҳои борониву сард бачаҳоро ба ғунучини ҳезуму алаф ба кӯҳу доманакуҳҳо нафиристанд. Чорвочаронӣ ва моҳигирӣ ҳам дар ҳамин рӯзҳо маслиҳат нест.

Пӯшидани либоси мавсимиро фаромӯш накунед. Маъмулан бисёре аз бемориҳо бар асари сармохӯрдагӣ рушд мекунанд. 

Ронандагони мошинҳо набояд ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ суръати ҳаракатро боло баранд. Риояи қоидаҳои бехтараӣ ва фосилаи ҳаракат гарави аслии амният дар роҳҳост.

Кумита аз гардишгарон хоҳиш мекунад ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд ва самтҳои ҳаракати худро бо Кумита ҳамоҳанг созанд. 

Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад дар ҳоли пеш омадани ягон мушкил ва мушоҳида ягон ҳолати фавқулода бо рақами 112 ва ё телефони 93 880 28 19 муроҷиат кунанд.

барчасп: