Корманди КҲФ дар мусобиқоти ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ ба чаҳорякфинал расид

Аз 19 то 26 ноябри соли 2023 дар пойтахти Албания шаҳри Тиран мусобитқоти ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ миёни синну соли 18-20 ва болотар аз он баргузор мешавад. Дар он корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенант Сарабеки Сироҷиддин иштирок дорад.

Сироҷиддин бо пирӯзӣ дар ду бозӣ ба ¼ финал роҳхат гирифт. Ин корманди ҷавони Кумита хатмкардаи Академияи мудофиаи граждании ВҲФ Федератсияи Русия мебошад. Замоне, ки таҳсил мекард, борҳо дар мусобиқоти мухталифи бозиҳои размӣ пирӯз шудаву ҷойҳои намоён ишғол карда буд. 

Мо ба ҳамкори худ пирӯзӣ таманно дорем!

Комёбиҳо ёрат, рафиқ лейтенант!

барчасп: