Бо мақсади баланд бардоштани малакаи наҷотдиҳандагон ва кормандони тиббии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар байни наҷотдиҳандагон ва кормандони тиббии Раёсат оид ба расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба зарардидагон дар ҳолатҳои фавқулодда курси омӯзишӣ ташкил ва гузаронида шуд. Ин давраи омӯзиширо кормандони Раёсати тиббии КҲФ ва мураббиёни барномаҳои таълимии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карданд.
Мақсади тренинг шиносонидани кормандон бо усулҳои расонидани ёрии аввалия мебошад, ки то омадани кормандони тиб зарардидаро нигоҳубин кунанд.
Ин давраи омӯзишӣ аз се бахши муҳим иборат буд:
1. Ба даст овардани дониш дар бораи махсусиятҳои анатомии сохтори бадани инсон
Дар ин бахш шунавандаҳо бо кори системаҳои асосии узвҳои инсон шинос шуданд. Муайян кардани аломатҳои марги клиникӣ ва биологӣ ва баррасии таркиби дорудон барои расонидани ёриҳо аввалия.
2. Омӯзиши қоидаҳои ёрӣ дар вазъи хатарнок.
Шунавандагон дар ин бахш дар бораи ёриҳои то тиббӣ ва тартиби расонидани онро донистанд. Аз ҷумла, амал ҳангоми сӯхтан, заҳролудшавӣ, сармозадагӣ, таъсири қувваи барқ, ҷароҳат, хунрезӣ, исти қалбӣ ва ғайраро омӯхтанд.
3. Тамрини амалии малакаҳои расонидани ёриҳои аввалияи тиббӣ
Ба шунавандагон раванди истифода аз турникет, сплинт ва бинт намоиш дода шуд. Тартиб ва техникаи нафаскашии сунъӣ ва фишурдани қафаси сина шарҳ дода шуд. Пас аз фаҳмидани назария донишҷӯён маҳорати худро дар болои манекен амалӣ нишон доданд.