Суҳбат бо намояндаи Кумитаи дин дар КҲФ

18 ноябри соли 2023 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати шахсӣ бо намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои марбут ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025”  ва Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни суханронӣ дар назди кормандони Кумита, мутахассиси пешбари Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиллахонзода Р., ба иҷрои қатъии талаботи ин ду санади муҳимро таъкид намуд.

Вай ҷанбаъҳои ҳуқуқии ин санадҳоро бо чандин мисоли равшан ба ҳозирин фаҳмонд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни меҳмон ва ширкаткунандагон табодули афкор сурат гирифт.

барчасп: