16 ноябри соли 2023 наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҷараёни роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ҷасади як духтари ҷавонро, ки ғарқ шуда буд, пайдо ва аз қаъри об берун оварданд.
Ин духтар 22 сол дошта, сокини деҳаи Эшонободи ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Леваканти вилояти Хатлон будааст.
Ҷасади духтар 5 километр поинтар аз ҷойи ҳодиса пайдо ва худи ҳамон рӯз ба пайвандонаш супурданд.
Сабабҳои ғарқи шудани ӯро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мекунанд.