Бино ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 11 ноябри соли 2023 соати 06:24 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза 31 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 22 километр аз шаҳри Норак, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Қувваи заминларза дар марказаш 4-балл ва дар шаҳри Душанбе 2-3-баллро ташкил дод.
Дар ин заминларза талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар ба қайд гирифта нашуд.