9 ноябри соли 2023 боронҳои пуршиддат сабабгори омодани селҳо дар қаламрави деҳаи “10-солагии Истиқлолияти давлатӣ”-и ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон шуд. Дар натиҷа селроҳаи “Овзикент – 2” аз об лабрез шуда, ба 6 хонаи истиқоматии сокинон ва 74 қитъаи наздиҳавлигӣ зарар расонд.
Ҳамчунин дар ҳамин рӯз аз сели деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфиддинов ба 21 қитъаи наздиҳавлигии сокинон ва 3 иншооти ёрирасон зарад дид.
Дар натиҷаи боло рафтани сатҳи об дар канали деҳаи Отчопари ҷамоати деҳоти Озодагон таҳхонаи 12 сокини ин мавзеъ аз об пур шуд.
Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад. Техникаи махсус барои бартараф намудани паёмадҳои офати табиӣ ба ҷойи ҳодиса бурда шуда, корҳои рафъи оқибатҳои сел оғоз шудаанд.
Дар натиҷаи селҳо талафоти ҷонӣ ва харобии дигар ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар то 10-уми ноябри соли равон ҳавои номусоид идома ёфта, хатари омадани селҳо дар минтақаҳои алоҳида вуҷуд дорад.
Кумита бо як ҷаҳон эҳтиром аз сокинон хоҳиш мекунад сари вақт ҷӯву заҳбурҳо ва каналҳои назди манзилҳои истиқоматии худро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо, баргҳои хазон ва сангу сангрезаҳо тоза кунанд.
Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ронандагон бояд бештар эҳтиёт кунанд, чун хатари резиши санг дар рӯзҳои боронӣ бештар аст.
Ронандагон қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд, суръати ҳаракатро дар роҳҳо боло набаранд, ҷони худ ва ҳамсафарони худро дар хатар наандозанд.
Риояи фосилаи байни мошинҳо гарави аслии бехатар расидан ба манзил аст!
ЭҲТИЁТ КУНЕД!