Ширкати ҳайтаи Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалӣ

Рӯзҳои 27-28 сентябри соли 2023 дар шаҳри Алмаато конфронси байналмилалӣ дар доираи тадқиқоти минтақавии «Шаҳрҳои ба тағйирёбии иқлим тобовар ва камкарбондори Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки дар он як  ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ширкат намуд.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ, қонунгузорон, коршиносон ва таҷрибаомӯзон, шарикони рушд, ки ба рушди шаҳрсозӣ, идоракунии шаҳр, банақшагирӣ, сохтмон, хизматрасонии ҷамъиятӣ, кабудизоркунӣ, коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ва ғайра машғуланд, гирди ҳам омаданд. 

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба тағйирёбии иқлим хеле осебпазиранд. Офатҳои табиӣ ба мушкилоти ҷиддии муҳити зист, иқтисодиёт ва саломатии одамон табдил меёбанд. Якҷоя кор кардан барои пешгирии офатҳои табиӣ авлавияти мутлақ дар мубориза бо тағирёбии иқлим буда, бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ, аз қабили Созишномаи Порис ва Барномаи Чаҳорчӯби Сендай оид ба коҳиши хатарҳо мебошад.

Зимни суханронии худ раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода аз ҷумла қайд кард: “Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муддати даҳсолаҳо дар рӯзномаи байналмилалии масъалаҳои об ва иқлим нақши муассирро ифо кардааст. Дар ин давра Маҷмаи Умумии СММ бо панҷ ибтикори Тоҷикистон як қатор қатъномаҳое ба тасвиб расонд, ки ҳадафи он муттаҳид кардани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва фаъол гардонидани амалҳо дар ин самт мебошад».

барчасп: