Роҳбарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, сардори хадамоти ҳифзи муҳити зист ва роҳбари муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят дар барномаи мустақими телевизионии “Рӯбарӯ” ширкат карданд
Муддати як соат онҳо ба бинандагони сершумори телевизиони вилоятӣ риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми сӯхтор ва дигар ҳолатҳои фавқулодаву офатҳои табиро фаҳмониданд.
Сардари Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон полковник Ҷ.Маҳмадзода ба суолҳои зиёди бинандагон ва кормандони телевизион дар мавриди риояи қоидаҳои бехатарӣ, бахусус риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо, оббозиву шиноварӣ ва ғайра посух дод.
Дар поёни суҳбатҳо онҳо ба бинандагони муроҷиат карданд ва аз онҳо хостанд худ намуна бошанд. Ҳангоми рӯбарӯ шудан ба ин ё он ҳодисаи нохуш бетарафӣ накунанд ва ба кумаки ҷабрдиаҳо шитобанд.
Ин барномаи телевизионӣ хеле шавқовар ва пурмуҳтаво буд.