Рӯзи 26-уми сентябри соли равон ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар расид, ки дар километри 280-300 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов мегузарад, як мошини тамғаи «Hundai» ба як дарахт бархӯрдааст.
Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса расида, муайян карданд, ки ин мошин аз ҷониби як сокини 49-солаи деҳаи Гули ҷамоати деҳоти Ғазантераки ноҳияи Деваштич идора мешуд ва он ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хуҷанд ба самти Душанбе аз сабаби аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда, ба дарахт бархӯрдааст.
Ҳангоми садама дар мошин ду мусофири дигар менишастанд ва яке аз онҳо сокини 24-солаи ноҳияи Деваштич дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Наҷотдиҳандагон бо истифода аз таҷҳизоти махсус ҷасади мусофири ҳалокшударо аз дохили мошин берун оварданд ва ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Ронанда ва мусофири дуюми мошин, ки ҷароҳат бардошта буданд, ба беморхонаи ноҳиявӣ интиқол дода шуданд.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба таваҷҷуҳи ронандагон мерасонад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.
Суръати баланди мошинронӣ ҳамеша хатар ба ҷони шумост!
Худ ва атрофиёну ҳамроҳон ва ҳамсафарони худро эҳтиёт кунед!