Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки ҳамасола 13 октябр таҷлила мешавад, миёни намояндагони васоити ахбори умуми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтарин эҷоди журналистӣ озмун эълон мекунанд.
ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ ГУЗАРОНИДАНИ ОЗМУН
Дар озмун хабарнигорон ва кормандони васоити ахбори умуми чопӣ ва электронӣ ва муаллиф(он)-и алоҳида, ки дар мавзуи мазкур мавод омода кардаанд, иштирок карда метавонанд.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:
- «Беҳтарин мавод дар ВАО-и чопӣ»;
- «Беҳтарин филми видеоӣ (ролики видеоӣ)»;
- «Беҳтарин мавод дар ВАО-и электронӣ».
Ба озмун маводе қабул карда мешавад, ки фаъолияти кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бобати коҳиши хатари офатҳои табиӣ ҳамаҷониба инъикос намояд .
Дар ҳар номинатсия ғолибон аз тарафи ҳайати босалоҳияти ҳакамон муайян ва қадрдонӣ мешаванд.
Иштироккунандагони озмун бояд маводи худро то рӯзи 15 октябри соли 2023 дар шакли чопӣ ва электронӣ ба пустаи электронии: zismoilov@gmail.com, ё ба нишонии: ш. Душанбе, кӯчаи С.Шерозӣ, 16, ошёнаи якум, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ: (+992 37) 227 23 87, 227 95 09, 91 932 34 02 ва 905 49 49 49
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон