Номаи сипос ба созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ барои ҳамкориҳо дар рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ

18 сентябри соли 2023 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тақдими номаи сипос ба шаш роҳбар ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими кишвари мо ва созмонҳои ғайридавлатӣ баргузор шуд. Номаҳои сипосро Раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода тақдим намуд.

Дар мулоқот сарвари Кумита саҳми ҷамъомадагонро дар бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон дар моҳи августи соли 2023 сутуд ва изҳори ташаккур намуд.

Бо супориши Раиси КҲФ барои ҳамкориҳои фавриву самаровар дар бартараф намудани паёмадҳои офатҳои табиӣ роҳбарони Агентии Оғохон оид ба муҳити зист, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ((USAID), Хазинаи кӯдакони СММ дар ҶТ,  Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи СММ, САҲА ва созмони ғайридавлатии “Дили хайрхоҳ” бо номаҳои сипос сарфароз гардонида шуданд.

Сарвари КҲФ дар суханронии худ бори дигар ба шарикон изҳори сипос намуда, таъкид намуд, ки тамоми корҳои анҷомдодашуда барои расонидани кӯмак ба аҳолии осебдида равона карда шуда, бешубҳа ҳаёти одамонро наҷот дода, ба ҳарчи зудтар барқарор намудани оқибатҳои офати табиӣ ва осон кардани мушкили  ниёзмандон ровона шуд. 

барчасп: