Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 17 сентябри соли 2023 соати 21:23 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази ин заминларза 334 километр ҷанубу шарқ ва 58 километр ғарби шаҳри Хоруғ буд.
Қувваи заминларза дар маркази он 3-4 балл ва дар шаҳри Хоруғ 3 баллро ташкил дод.
Заминҷунбӣ талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надошт.