Мулоқоти генерал-полковник Рустам Назарзода бо Тим Ҷонс

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар ҶТ ҷаноби Тим Ҷонс баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ роҳбари КҲФ ба меҳмони олимақом дар бораи корҳо дар самти идораи ҳолатҳои фавқулода дар кишвар, инчунин ҳамкориҳои байналмилалӣ бо сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ маълумот дод.

Раиси Кумита зикр кард, ки ҳадаф аз баргузории мулоқот роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ, рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва расонидани кумакҳои башардӯстона ба аҳолии кишвар аз офатҳои табиӣ мебошад. Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боришоти шадид, сел, ярч, лағзиши тарма ва заминларза ба қайд гирифта мешавад, ки ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар хисороти ҷиддӣ мерасонад.

Раиси КҲФ қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ҳадафҳо ва афзалиятҳои глобалии Чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ як қатор тадбирҳо меандешад. Яке аз ҳадафҳои глобалии Чаҳорчӯбаи Сендай барои кишварҳои ширкаткунанда қабули Стратегияҳои миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ мебошад.

«Қобили зикр аст, ки кишвари мо бо иштироки коршиносони байналмилалии СММ дар байни кишварҳои минтақа аввалин шуда “Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030”-ро таҳия ва қабул намуд», - таъкид дошт роҳбари КҲФ.

 Дар мулоқот инчунин масъалаи ташкили тамринҳо, давраҳои омӯзишиву семинарҳо, ки барои такмили ихтисоси кормандон хатмй мебошанд, маврриди баррасӣ қарор гирифт. Илова бар ин, инчунин дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо самтҳои эҳтимолии ҳамкорӣ ва пешниҳодҳо оид ба иқдомоти минбаъдаро баррасӣ намуданд.

Ҷаноби Тим Ҷонс барои пазироии гарму суҳбати пурмуҳтаво ва наҷоти ду шаҳрванди бритониёӣ аз ҷумлаи гардишгарону кӯҳнавардони  ин кишвар, ки дар моҳи августи соли 2023 дар кӯҳистони Тоҷикистон дархости кумак карданд, изҳори сипос кард ва таъкид намуд, ки ҳукумати Бритониё ҳамкории зич бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар заминаи ҷилавгирӣ аз офатҳои табиӣ идома хоҳад дод. 

барчасп: