15 сентябри соли 2023 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи доимамалкунандаи таҳлилгарони Платформаи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо дар ҳайати васеъи он баргузор шуд.
Ҷаласа таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати Кумитаи, котиби масъули Платформаи миллӣ генерал-майор Ҷамшед Камолзода гузашт.
Дар ҷаласа рафти иҷрои Барномаи миёнамуҳлати давлатии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2023-2028 ва Барномаи чорабиниҳои он барои солҳои 2023-2025 дар вазорату идораҳо ва тартиби пешниҳоди ҳисобот дар бораи рафти ичрои он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин масъалаи омодагӣ ба ҷаласаи дарпешистодаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ низ баррасӣ шуд.
Қаблан тасмим гирифта шуда буд, ки дар ҷаласаи навбатӣ ҳисоботи вазорату идораҳо оид ба рафти иҷрои Барномаи миёнамуҳлати давлатии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2023-2028 ва Нақшаи чорабиниҳои он барои солҳои 2023-2025 шунида шавад.
Дар ҷаласа намояндагони 12 вазорату идораҳо иштирок доштанд.