Дар садамаи мошин дар ноҳияи Айнӣ ронандаи мошини боркаш ҷон бохт

15 сентябри соли 2023 тахминан соати 16:40 вақти мҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сонеҳаи нақлиётӣ дар ҳудуди ноҳияи  Айнии вилояти Суғд хабар расид.

Гуфта мешуд, ки дар километри 124,6 роҳи мошингради Душанӣе-Хуҷанд як мошини боркаши тамғаи “Мерседес-Бенс”, ки аз ҷониби як сокини 35-солаи ҷамоати деҳоти Айнӣ идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри  Душанбе бо сабабҳои номаълум чаппа шуд ва ронандаи он ба як умқи 120 метра, ба самти дарёи Фон сарозер гашт.

Занги телефонӣ аз ҷониби шоҳидону роҳгузарон буд ва онҳо хоҳиши кумак мекарданд. Навбатдорони КҲФ дар минтақаи Зарафшон дар ҳайати 6 нафар бо техникаи махсус муҷаҳҳаз ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо ёрии таҷҳизоти кӯҳгардӣ  аз боло поён шуданд. Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ҷасади ронандаро 800 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо карданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагон ёдовар мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои пурпечутби кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.

РОНАНДАГОНИ МУҲТАРАМ! ДОНИСТА БОШЕД, КИ ШУМОРО ДАР ХОНА ПАЙВАНДОНАТОН БО ЧАШМИ ЧОР ИНТИЗОРАНД! 

барчасп: