16 сентябри соли 2023 дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндагони ширкати суғуртаи “Бима-Иншуренс” бо сарварии директори тиҷоратии ин ширкат Манучеҳр Маматов баргузор шуд.
Сардори шӯъбаи ҳамкориҳои ширкати суғуртаи «Бима-Иншуранс» Илҳом Расулов зимни муаррифии ширкат оид ба тағйироти мусбат дар бозори суғуртаи Тоҷикистон, санадҳои меъёрии нави қабулшуда, нишондиҳандаҳои рушди ширкати суғурта дар солҳои охир ва натичахои ба даст овардаи он маълумот дод.
Дар рафти вохӯрӣ кормандони Дастгоҳи марказии КҲФ ба суолҳои худ посух гирифта, инчунин ҳамкорӣ дар самти эҷоди хидматрасониҳои суғуртавӣ барои ҳоянда ба нақша гирифта шудаанд.