Хабар аз ду ҳодисаи рӯзи гузашта

15 сентябри соли 2023 соати 02:22 дақиқа ба Қисми навбатлории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар дохили лифти бинои бисёрошёна воқеъ дар кӯчаи Баҳоваддинов, хонаи 7 як сокини ин бино дармондааст.

Бо дарёфти хабар дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Дар баробари расидан онҳо фаҳмиданд, ки ин лифт ба сабабҳои техникӣ дар миёни ошёнаҳо дармондааст. Онҳо бо ёрии таҷҳизоти махсус дарро боз карданд ва шахси дохили онро берун оварданд.

Ҳодисаи дуюм дар ҳудуди шаҳри Турсунзода рух дод. 

14 сентябри соли 2023 тахминан соати 13:20 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар об дар рӯди Қаратоғ як сокини 47-солаи деҳаи Бобониёз Тошеви ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода ғарқ шудааст.

Барои пайдо кардани ҷасад наҷотдиҳандагони Раёсати махсусгардонидашудаи хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷоти КҲФ сафарбар шуданд. Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади ин шаҳрванд пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳои ҳамдардӣ ба хонаводаи марҳум аз сокинони кишвар бо эҳтиромона хоҳиш мекунад ҳангоми будубош дар соҳили обҳо ва шиноварӣ ҷиддан қоидаҳои бехатариро рио кунанд.

барчасп: