Сафари кории Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ВМКБ

Дар доираи таҷлили 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ВМКБ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода, дар як қатор чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ин рӯзи фархунда иштирок намуд.

Чунончӣ, 8 сентябри соли 2023 Сарвари КҲФ дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ бо имконоти дорои васеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Кеврони ноҳияи Дарвоз ҷойгир мебошад, ширкат кард.  

9 сентябр бошад Раиси Кумита дар ноҳияи Шуғнон ҳамроҳ бо Раиси ноҳияи Шуғнон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокине, ки дар офатҳои табиӣ хонааш осеб дида буд, калиди хонаи навро супурд. Ҳамчунин, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода аз намоиши маҳсулоти кишоварзии ноҳия дидан намуд ва ҳамзамон гармхона, бинои нави тиббӣ ва нуқтаи интиқоли барқро ифтитоҳ кард. 

Раиси Кумита дар саҳни Қасри фарҳанги ноҳия дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои сокинони ноҳия иштирок намуда, ба кӯдакони ятими ноҳия низ кумаки пулӣ тақдим намуд.

Роҳбари КҲФ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як маросими тантанавӣ ба ду корманди масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнони ВМКБ ҷоизаҳои давлатиро супурд.

Раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар байни фаъолони вилоят, собиқадорони меҳнат, ҷавонон ва мактаббачагон баромад намуда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар тӯли 32 соли Истиқлоли давлатиро таҳлил намуд. Вай таъкид кард, ки “таъмини зиндагии шоистаи мардум дар ҳама давру замонҳои истиқлоли Тоҷикистон ҳадафи олии ҳукумати кишвар буд ва боқӣ мемонад”.

Дар фарҷом Раиси КҲФ ба ҳамагон комёбӣ таманно намуда, изҳори итминон намуд, ки мардуми ноҳияи Шуғнон баҳри иҷрои вазифаҳое, ки аз дастуру дархостҳои Сарвари давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳанд дод.

Сарвари КҲФ ба маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ омада, дар маросими ифтитоҳи Маркази ҷойгиркунии муваққатии аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида, воқеъ дар ҳудуди Раёсати КҲФ дар ВМКБ иштирок намуд. Дар ифтитоҳи он ҳамчунин раиси шаҳри Хоруғ, Роҳбари Агентии  Оғохон оид ба муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

барчасп: