Аз ҳаводиси шабонарӯзи гузашта. Ҳалокати як тифли чорсола дар оби канали деҳаи Боғпарвари ноҳияи Данғара

Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи табиӣ ба қайд гирифта нашуд. Вале чун рӯзҳои дигар сокинон барои кумак ба Қисми навбатдорӣ занг заданд ва ёрӣ хостанд. Чунончӣ, 4 сентябри соли 2023 соати 00:9 дақиқаи вақти маҳаллӣ як сокини хонаи 33 кӯчаи ба номи Малика Собироваи пойтахти кишвар ба Қисми навбатдорӣ занг зад ва хабар дод, ки дари утоқи хоби манзили истиқоматиаш, ки дар он тифли дусола танҳо мондааст, баногаҳ пӯшида шудаву қуфл шудааст ва ӯ наметавонад вориди он шавад.

Дастаи имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо василаи таҷҳизоти махсус бе ягон осеб дари бастаро боз карданд.

Кӯдак ба ёрии тиббӣ ниёз надошт.  

Занги дуюм аз ҷануби кишвар расид. 3 сентябри соли 2023 соати 18:25 дақиқаи вақти маҳаллӣ хабар расид, ки дар қаламрави деҳаи Боғпарвари ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон як сокини 4-солаи русто аз беназоратии волидон ҳангоми бозӣ дар наздикии канали деҳа дар об ғарқ шуд. 

Ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон фиристода шуданд ва баъди ҷустуҷӯи бештар аз сесоата ҷасади кӯдакро пайдо ва ба волидонаш супурданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш мекунад фарзандони хурдсоли худро ҳаргиз беназорат нагузоранд, зеро беназоратӣ дар аксар маврид боиси чунин ҳодисаҳои нохуше мешавад, ки умре доғ дар дилҳо мегузорад.

барчасп: