Кумак ба сокинони осебдидаи шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани кумак ба аҳолии зарардида аз оқибатҳои сел, дар доираи Ҳамкории байналмилалӣ аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шарикони байналмилалӣ аз рӯзҳои аввали офати табиӣ мунтазам кумак дар шакли маводи ғизоӣ ва ғайриғизоӣ расонида мешавад.

Бо шарофати вокуниши фаврӣ ва ташкили возеҳи ҳамкориҳо бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба Муҳити зист, Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ/Бюрои ёриҳои башарии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар кишвари мо ва созмони ҷамъиятии «Дили хайрхох» ба аҳолии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, ки аз офати табий зарар дидаанд, сари вакт кӯмак расонида шуд.

Чунончӣ, охири ҳафтаи гузашта КҲФ бо дастгирии шарикони байналмилалӣ ба 446 хонавода дар ҷамоати деҳоти шаҳри Ваҳдат ва 90 хонавода дар ҷамоати деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз сели рӯзҳои 27-28 августи соли 2023 зарар дидаанд, маводи ғизоӣ, маводи ниёзи аввалия, кӯрпаву бистари хоб, бастаҳои беҳдоштӣ, зарфҳои нигоҳдории об, лавҳаҳои поксозии оби ошомиданӣ кумак кард. 

 Ин кумакҳо бо ёрии техникаи махсуси КҲФ ба ҷамоати деҳоти шаҳрҳои Ваҳдат ва Рӯдакӣ расонида шуд.

Дар ҳузури Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия ва муовини раиси КҲФ генерал-майор Сулаймон Исозода маводи ҷудошуда ба оилаҳои осебдида тақсим карда шуд.

Айни замон корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кӯмаки минбаъда ба дигар деҳоту ҷамоатҳои зарардида таҳти назорати КҲФ идома доранд.

барчасп: