Субҳи рӯзи 28-июли соли равон борони пуршиддат дар ҳудуди ноҳияҳои вилояти Суғд боиси омадани селҳои зиёд шуд, сатҳи об дар рӯдхонаи қаламрави ноҳияи Лахш боло рафт.
Чунончӣ, 28 июли соли 2023 наздик ба соати 14:30, бар асари боронҳои пуршиддат дар қаламрави ҷамоати Урметани ноҳияи Айнии вилояти Суғд сел омад, ки дар натиҷа роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ, хонаҳои истиқоматии сокинон ва иншоотҳои ёрирасон зери об монданд ва қисман зарар диданд.
Бино ба маълумоти пешакӣ субҳои рӯзи 29 июли соли равон хабар дода шуд, ки сел дар ин деҳаи бузурги ноҳия ба 63 хоҷагӣ зарар расонд, ки аз он 7 хонаи истиқоматӣ ва 56 иншооти ёрирасону қитъаҳои наздиҳавлгӣ буданд.
Ба ҷойи ҳодиса гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эъзом шуд. Дар айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулода барои муайян кардани ҳаҷми зарари расида ва расонидани кумакҳои аввалия ба зарардидагон ба кор оғоз намуд.
Дар ин сел талафоти ҷониву хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст.
Соати 14:45 дақиқаи вақти маҳаллӣ боронҳо боиси омадани сел дар ҳудуди ҳеҳаҳои Ёрӣ, Лоиқ Шералӣ ва ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент шуд. Дар натиҷа роҳҳои байни деҳаҳо, заминҳои кишовразӣ дар қаламрави деҳаҳои Рой, Раводии фамоати деҳоти Амондара зара диданд
Талафоти ҷониву хисороти дигар нест.
28 июли соли 2023 наздик ба соати 17:35 бар асари боронҳо дар ҳудуди маҳаллаи Хушоботи деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара сел омад. Хушбахтона, манзили истиқоматии сокинон аз ин сел зарар надид.
Ҳамчунин аз боронҳои пуршиддат омадани селҳо дар қаламрави ноҳияҳои Истаравшан ва Деваштич ба қайд гирифта шуданд.
28 июли соли 2023 тахминан соати 18:05 вақти маҳаллӣ дар натиҷаи болоравии дамои ҳаво сатҳи об дар рӯдхонаи Сугат дар минтақаи Арчакаппаи ноҳияи Лахш афзуд. Ин боиси омадани сел шуд, ки ҷараёни ҳаракати дарёи Сурхобро муддати 30 дақиқа баст. Дар айни замон ҳудудан 300-400 метр роҳи мошингард баста буда, ҳаракати нақлиёт муваққатан боздошта шудааст.
Корҳои бартарафсозии паёмадҳои ин офати табиӣ идома доранд.
Ёдовар мешавем, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 29-32 дар ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ хатари омадани селҳо, болоравии сатҳи оби дарёҳо, ярч ва резиши санг боқӣ мемонад.
Дар ҳамин иртибот Кумита ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳамнгоми будубош дар соҳили обҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан рияо намоянд. Маслиҳат дода мешавад, ки сайёҳон хати ҳаракати худро ба ин ё он гӯшаи кишвар дар ҳамкорӣ бо мутахассисони КҲФ таҳия намоянд. Бахусус сафар бо роҳҳои кӯҳӣ, ки хатари баногаҳ омадани селҳо ба асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат аз роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, ҳангоми ғунучини ҳезуму гиёҳҳои кӯҳӣ, моҳидориву шикор эҳтиёт кунанд.
Сокинони навоҳи кӯҳистониву доманакӯҳҳо ҳангоми чорвочаронӣ дар наздикиои соҳили обҳо низ бояд вобаста ба вазъ эҳтиёт намоянд.
Кумита ҳамчунин аз аҳоли хоҳиш мекунад ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ сар вақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳои минтақа ва макони зисти худро аз ҳар гуна хасу хаспораҳо тоза кунанд, то оби сел бемамониат ба як маҷрои бехатар ҷорӣ шавад.