Ҳушдор аз ҳавои пурчнагу ғубор ва эҳтимоли омадани селҳо дар ду рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 29-31-уми июли соли равон дар як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, вилояти Суғд ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ хатари омадани селҳо боқӣ мемонад.

29 июли соли 2023 дар аксари ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ҳудуди шаҳри Душанбе бар асари шиддат гирифтани бод ҳавои пур аз чангу хок интизор меравад ва дар назар дошта шудааст, ки олудагиҳо дар ҳаво ба андозаи  10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5) расад.

 Сокинони навоҳи кӯҳистониву доманакӯҳҳо ҳангоми чорвочаронӣ дар наздикиои соҳили обҳо низ бояд вобаста ба вазъ эҳтиёт намоянд. 

Кумита ҳамчунин аз аҳоли хоҳиш мекунад ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ сар вақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳои минтақа ва макони зисти худро аз ҳар гуна хасу хаспораҳо тоза кунанд, то оби сел бемамониат ба як маҷрои бехатар ҷорӣ шавад.

барчасп: