26 июли соли 2023 соати 19:00 бо вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як хонум, сокини кӯчаи Рӯдакӣ 179 занг зад ва хабар дод, ки дар оҳании манзили зисташ баста шудаву наметавонад ба осонӣ вориди хона шавад. Вай ҳамчунин бо изтироб хабар дод, ки даруни хона тифли хурдакаки ӯ танҳо мондааст.
Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз таҷҳизоти махсус дарро боз карданд. Кӯдак бе ягон осеб ва саломат буд ва ба кумаки тиббӣ ниёз надошт.
Имдодгарон бо волидони кӯдак ҳамсуҳбат шуданд ва онҳоро аз паёмадҳои эҳтимолии танҳо мондани тифлони ноболиғ ҳушдор доданд. Аз ҳодисаҳое ҳам ҳикоят карданд, ки ин танҳо монданҳо чӣ оқибатҳои нохуш доштанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзан волидон бачаҳои худро бо сабабҳои тамоман одӣ танҳо мемонанд: ё мағоза меравад ё ба хонаи ҳамсоя. Ва чун бармегарданд ё калид гум кардаанд, ё калид дар хонаву дар баста шудааст ё кадом ҳодисаи дигар рух додааст, ки тасодуф дар баставу соҳиби хона паси дар мондааст.
Ва ноилоҷанд, ки наҷотдиҳандагони КҲФ-ро даъват кунанд.
Дар хона миёни асбобҳои барқӣ, газ, химикатҳо, доруворӣ ва ғайра мондани тифлон хатарест барои худи онҳо ва хона. Аз ин рӯ, ба волидон ҳеч маслиҳат нест, ки ҳатто барои чанд лаҳза ҳам тилонашонро дар хона танҳо монанд.