Ҳамчуноне пештар ҳам хабар дода будем, 20-уми июли соли равон соати 15:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумита ин хабар расид, ки ду шаҳрванди Британияи Кабир: Майкл Алан Фоуйлер, соли таваллудан 1956 ва Симон Андрев Ятес, соли таваллудаш 1963 бо мақсади фатҳи қуллаи Патхор, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон ҷойгир шудааст, аз боло афтодаву осеб дидаанд ва муҳтоҷи кумак мебошанд.
Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар ВМКБ баъди аниқ кардани макони ҳодиса барои кумак равон шуданд. Рӯзи 22 июл бо воситаи занбар Майкл Алан Фоуйлерро ба деҳаи Девлохи ноҳияи Рӯшон интиқол доданд.
Аз сабаби он ки эҳтимолан сутунмӯҳраи Симон Андрев Ятес осеб дида буд, имдодгарон бо ӯ дар баландии 4184 метр дар наздикии қуллаи Патхор монданд. Баъди расонидани ёриҳои аввалини тиббӣ бо истифода аз занбари махсус оҳиста-оҳиста ба поён равон шуданд.
Рӯзи 24 июл соати 21:50 дақиқа наҷотдиҳандагон то ба деҳаи Девлохи ноҳияи Рӯшон омаданд ва шабро он ҷо гузаронида, субҳи рӯзи 25-уми июл ба роҳи худ идома доданд.
25 июли соли 2023 гурӯҳи духтурони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии сардори Раёсати тибии КҲФ, полковники хадамоти тиббӣ Саъдулло Шарифов, духтури ҷарроҳи Бемористони ҳарбии Кумита, майори хадамоти тиббӣ К.Маҳмадуллоев ва наҷотдиҳандаи КҲФ майор Ф.Раҳматуллоев аз фурӯдгоҳи Айнӣ бо чархболи Вазорати мудофиа парвоз карданд ва дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Басиди ноҳияи Рӯшон, ки дар 2350 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, фурӯд омаданд.
Санҷиши пешакии тиббии Симон Андрев Ятес нишон дод, ки фишори шарёни хуни вай 110/70 мм м/с ва сатҳи оксиген 92% мебошад. Ва ӯ изҳор дошт, ки ба кумаки тиббӣ ниёз надорад.
Бояд гуфт, ки ҳеч шикастагии ҷидие аз қабили шикастани устухонҳо, сутунмӯҳра дар ӯ дида намешуд. Вай ё ҳатто санҷиши ҳамаҷонибаи духтуронро рад кард.
Ин ду британиёӣ ҳамзамон аз интиқолашон ба Душанбе низ худдорӣ карданд ва ба сафари худ ба қаламрави ВМКБ идома доданд.