Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои пурчангу ғубор ва селҳо бар асари об шудани пиряхҳо дар кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 26-28 июли соли 2023 ба сабаби болоравии дамои ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш эҳтимоли болоравии сатҳи об вуҷуд дорад. Дар ин рӯзҳо ҳатто хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо дар ҳудуди баъзе ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд ва навоҳии тобеъи марказ низ зиёд аст.

Рӯзҳои 28-29 июли соли 2023 дар аксари ноҳияҳои вилояти Хатлон , ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва як қатор ноҳияҳои ВМКБ бар асари шамоли сахт ҳавои пурчангу ғубор ва афзудани олудагиҳо дар ҳаво ба андозаи  10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5) дар назар аст.

 Дар ҳамин иртибот Кумита ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳамнгоми будубош дар соҳили обҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан рияо намоянд. Маслиҳат дода мешавад, ки сайёҳон хати ҳаракати худро ба ин ё он гӯшаи кишвар дар ҳамкорӣ бо мутахассисони КҲФ таҳия намоянд. Бахусус сафар бо роҳҳои кӯҳӣ, ки хатари баногаҳ омадани селҳо ба асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад. 

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат аз роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, ҳангоми ғунучини ҳезуму гиёҳҳои кӯҳӣ, моҳидориву шикор эҳтиёт кунанд. 

Сокинони навоҳи кӯҳистониву доманакӯҳҳо ҳангоми чорвочаронӣ дар наздикиои соҳили обҳо низ бояд вобаста ба вазъ эҳтиёт намоянд.  

Кумита ҳамчунин аз аҳоли хоҳиш мекунад ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ сар вақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳои минтақа ва макони зисти худро аз ҳар гуна хасу хаспораҳо тоза кунанд, то оби сел бемамониат ба як маҷрои бехатар ҷорӣ шавад.

барчасп: