Зилзилаи имрӯз, ки марказаш Афғонистон буд

Мувофики маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 июли соли 2023 соати 12:26 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Бино ба гузориши манбаъ маркази он 232 километрии ҷанубу шарқи Душанбе ва 161 километр ҷанубу ғарби шаҳри Хоруғ дар ҳудуди Афғонистони ҳамсоя буд.

Қувваи заминларза дар маркази он 4 балл, дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил дод.

Аз хисорат ва талафоти ҷонӣ хабар нарасидааст.

барчасп: