Имдодгарон мошинеро, ки ба канал сарозер шуда буд, берун кашиданд (ВИДЕО)

Дастаи наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз канали дериватсионии НОБ-и Варзоб мошини сабукрави навъи «Hyundai Avante»-ро, ки ахиран сарозер шуда буд, берун кашид.

Ин хабар рӯзи 18-уми июли соли 2023 ба Қисми навбатдории Кумита расид. Гуфта мешуд, ки автомашинаи «Hyundai Avante», ки аз ҷониби як сокини 24-солаи шаҳри Душанбе идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Варзоб ба оби ин канал сарозер шуд.

Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расида, аввал бо ёрии бандҳои махсус мошинро кашиданд ва баъдан бо кумаки таҷҳизоти дигар ба соҳили канал бароварданд.

Дар ин тасодуф хушбахтона касе ҷароҳат набардошт, ронанда ва се ҳамсафараш тавонистанд ҳанӯз то расидани имдодагрон худ аз мошин берун шаванд ва ҷони худро наҷот диҳанд.

Ҳоло сабаби ин ҳодисаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқу баррасӣ мекунанд.

Кумита аз ронандагон бо як ҷаҳшон эҳтиром хоҳиш мекнуад, эҳтиёт кунанд. Суръати ҳаракат боло набаранд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар нагузоранд.

барчасп: