Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ бо сарварии Мутахассис оид ба рушди шаҳр ва идораи хатари офатҳои Бонки ҷаҳонӣ хонум Чи Юн Хуанг баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои алоқаманд ба муайян намудани вариантҳои имконпазири шароитҳои триггерӣ барои таъмини дастрасии фаврӣ ба шароитҳои бартарафшавандагӣ ҳангоми омодагиҳо ба офатҳои эҳтимолӣ ва ё ҳолатҳои буҳронӣ баррасӣ шуданд.
Ҳадафи аслии мулоқот баррасии механизмҳои истифодаи захираҳву имкониятҳои Бонки ҷаҳонӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани офатҳо ва расонидани ёриҳо ба аҳолии зарардида, ҳамчунин дастгирии чораҳои аввалдараҷаи андешидашуда оид ба ҳолатҳои фавқулода мебошад.
Сарвари КҲФ ба меҳмонон дар бораи сохтмони Маркази миллии таълимӣ барои тайёр намудани мутахассисон, бунёди Марказ барои омода намудани ғаввосон, Маркази кинологӣ, идомаи сохтмони Маркази идораи ҳолатҳои буҳронӣ дар Дастгоҳи марказӣ ва оғози сохтмони ин марказ дар минтақаҳо маълумот дод. Ғайр аз ин масъалаҳои ташкили тамринҳо, давраҳои омӯзишӣ ва семинарҳо барои кормандони КҲФ баррасӣ шуданд.
Дар навбати худ хонум Чи Юнг Хуан бо изҳори сипосу қадрдонӣ аз пазироии гарм зикр намуд, ки Кумита дар пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ корҳои зиёди самаровар ва бунёдиро анҷом додааст.
Ӯ изҳори умед намуд, ки дар оянда низ ҳамкориҳои миёни Бонки ҷаҳонӣ ва КҲФ Тоҷикистон рӯ ба рушду тавсеа хоҳад овард.
Дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи дурнамои ҳамкориҳои минбаъда табодули афкор намуданд, ҳамчунин чандин масъалаи дигари барои ҷонибҳои судманди ҳамкориҳоро барарсӣ карданд.