КҲФ: Хатари ҳавои пурчангу ғубор ва омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 19-21 июли соли равон ба сабаби омилҳои метеорологӣ – чангу ғубор, ки аз навоҳии ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба кишвар ворид мешавад, дар шаҳри Душанбе, навоҳии ҷанубу марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои ҷанубу шарқӣ ва ғарбии ВМКБ, ноҳияҳои шимолии вилояти Суғд афзудани олудагиҳо дар ҳаво ба андозаи  10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5) дар назар аст.

Рӯзҳои 18-19 июли соли 2023 дар як қатор ноҳияҳои ВМКБ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.  

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат аз роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, ҳангоми ғунучини ҳезуму гиёҳҳои кӯҳӣ, моҳидориву шикор эҳтиёт кунанд. 

Сокинони навоҳи кӯҳистониву доманакӯҳҳо ҳангоми чорвочаронӣ дар наздикиои соҳили обҳо низ бояд вобаста ба вазъ эҳтиёт намоянд. 

Кумита ҳамчунин аз аҳоли хоҳиш мекунад ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ сар вақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳои минтақа ва макони зисти худро аз ҳар гуна хасу хаспораҳо тоза кунанд, то оби сел бемамониат ба як маҷрои бехатар ҷорӣ шавад. 

барчасп: