Ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ

Охири ҳафтаи гузашта бо сарварии Раиси Ҳукумати ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳи вилояти Суғд Хайрулло Бобозода ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид. Дар кори он сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаа ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Ҷамшед Камолзода ширкат намуд.

Сардори  шуъбаи Кумита дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ подполковник З.Мирзобошиев дар бораи ҷараёни корҳои барқароркунии паёмадҳои заминларзаи рӯзи 23-уми марти соли 2023 маълумот дод. 

Вай аз ҷумла зикр намуд, ки корҳои барқарорсозии паёмадҳои ин заминларза ба шиддат идома доранд. Маводи ғизоӣ, маводи сохтмон ва ҷуброни пулии ҷудошуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ситоди бартарафсозии оқибадҳои офати табиӣ ба аҳолии зарардида расонда шуд.

Генерал-майор Ҷапмшед Камолзода барои тезонидани раванди корҳои сохтмону таъмир ва назорати аз болои он пешниҳодҳои мушаххас кард.

Раиси Комиссия ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия – Раиси ноҳия Х.Бобозода ба роҳбарони дахлдор супориш дод, ки корҳои сохтмон ва таъмири биноҳои зарардида дар заминларза тезонида шаванд ва то 1 августи соли 2023 ҳамаи ин корҳо пурра ба анҷом расонда шаванд.

Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи заминларзаи 23-уми моҳи марти соли 2023 дар ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ 219 хонаи истиқоматии сокинон зарар дида, аз ин 4 хона пурра ва 53 хона қисман хароб шуда буд. 

барчасп: