Ҷасади як писарбачаи 12-солае, ки дар Канали Ҳисор ғарқ шуда буд, пайдо шуд

14 июли соли  2023 як сокини 12-солаи шаҳри Ҳисор ҳангоми оббозӣ дар Канали калони Ҳисор, ки аз канори шаҳр убур мекнуад, ғарқ шуд. Аз лаҳзаи аввали расидани ин хабар ба ҷустуҷӯи ҷасад аз ҷониби наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон идома дошт.

16 июли соли 2023 баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ соати 10:00 ҷасади писарбача пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

Дар ҳамин иртибот Кумита як бори дигар аз волидон хоҳиш мекунад бачаҳои худро дар ин фасли гарм, ки рӯ ба оббозиву шиноварӣ меоранд, беназорат нагузоранд. 

Бахусус, оббозӣ дар маконҳое, ки иҷозат дода нашудааст, хатарнок ва фоҷеазо мебошад.

барчасп: