Идомаи роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар соҳили обҳои кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими оббозӣ ба роҳандозии рейдҳо дар соҳилҳои об ва корҳои баблиғотӣ идома медиҳад.

Ҳафтаи ҷорӣ кормандони КҲФ якҷо бо намояндагони ВКД, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумтаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ҳокимияти маҳллии ноҳияву шаҳрҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ВМКБ як силсила рейдҳо дар маконҳое гузарониданд, ки барои оббозиву шиноварӣ номумкин ва манъ буд.   

Ғайр аз ин 13 июли соли 2023 бо истифода аз мошини таблиғотии КҲФ ва намоиши видеонаворҳо дар бораи риояи қоидаҳои бехатарӣ дар мазханҳои об бо аҳолии ноҳияҳои Ваҳдат ва Файзобод суҳбатҳо гузаронида шуданд. 

Мунтазам дар бораи зарурати риояи чораҳои бехатарӣ дар об рекламаи телевизионӣ ва радиоӣ таҳия карда, аломатҳои манъи шиноварӣ дар ҷойҳои муҳофизатнашаванда гузошта шуда, ҷойҳои иҷозатдодашудаи шиноварӣ ба талаботи минтақаҳои соҳилӣ тафтиш карда мешаванд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки одамон бештар дар ҷойҳое, ки оббозиву шиноварӣ манъ аст, ба ҳалокат мерасанд. 

Ҳадафи аслии баргузории чунин чорабиниҳо таъмини амнияти шаҳрвандон, коҳиш додани ҳодисаҳои нохуш ва маргу мир дар махзанҳои об ва гузаронидани корҳои таблиғотӣ байни аҳолӣ мебошад.

Кормандони КҲФ дар поёни ҳар як сӯҳбат ба аҳолӣ тавсия доданд, ки бештар эҳтиёт кунанд, қоидаҳои рафтори бехатар дар обҳоро риоя кунанд.

барчасп: