13 июли соли 2023 чун рӯзҳои қабл кормандони Раёсати Кумитаи ҳолаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба рейдҳои худ дар соҳили обҳои вилоят идома доданд. Ин бор онҳо аз тафреҳгоҳҳои соҳили “Баҳри тоҷик”-и шаҳри Гулистон ва дарёи Сир воқеъ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд дидан намуданд.
Мутахассисон ва наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд дар ҷараёни суҳбат бо истироҳаткунандагон дар бораи риояи қоидаҳои бехтарӣ дар обҳо нақл карданд ва ба онҳо варақаву китобчаҳои таблиғотӣ тақсим намуданд.
Дар ин суҳбатҳо дар бораи ҳузури ноболиғон дар соҳили обҳо ҳам сухан рафт ва мутахассисон бо далелҳо барои сокинон фаҳмонданд, ки хурдсолон набояд бе раҳнамоии бузургсолон дар соҳили обҳо ҳузур дошта бошанд.
Онҳо аз рӯйдодҳои фоҷеабори рӯзҳои охир дар обҳои вилоят ва кишвар мисолҳои дақиқ оварданд ва падарону модаронро огоҳ карданд, ки нагузоранд фарзандони ноболиғашон тани танҳо ба соҳили обҳо раванд.
Кумита бо мақсади пешгирӣ аз ҳодсаҳои нохӯш огоҳ мекунад:
- танҳо дар ҷойҳое оббозӣ кунед, ки иҷозат дода шудааст.
- вақте дохили об ҳастед, бозӣ накунед, ҳамдигарро надоред, кашмокашӣ накунед.
- дар ҷойе, ки намедонеду бароятон ношинос аст, худро ба об ҳаво надиҳед, чун шумо хабар надоред, ки зери об санг аст, сахра ё чӯбу дарахт.
-дур шино накунед, дур рафтан аз соҳил метавонад шуморо барои бозгашт хаставу бемадор кунад ва гирифтори ягон фоҷеа шавед.
Падарону модарон бояд фарзандони ноболиғи худро ҷиддан назорат кунанд.
Риояи қоидаҳои бехатарӣ гарави амнияту бехатарии шумост!!!