Бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар обҳои қаламрави вилояти Хатлон кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вилоят дар соҳили махзанҳои об рейдҳо мегузаронанд ва корҳои таблиғотӣ ба роҳ мемонанд.
Чунончӣ, 10 июли соли 2023 кормандони Раёсати ёдшуда дар қаламрави шаҳри Бохтар ин гуна рейдҳо гузарониданд.
Ҳадафи аслии ин гуна рейдҳо мулоқоти рӯбарӯ бо сокинонест, ки дар соҳилҳои истироҳат мекунанд. Кормандону мутахассисони Раёсат дар ҷараёни ин дидорҳо ба одамон қоидаҳои бехатарии ҳузур дар соҳили обҳоро мефаҳмонанд.
Ба онҳо дар бораи сабабҳои ғарқ шудан ва ба ҳалокат расидани одамон нақл мекунанд ва мегӯянд яке аз сабабҳои асосӣ ин риоя нашудани қоидаҳои оббозиву шиноварист.
Дар ҷараёни ин рейдҳо наҷотдиҳандагон бештар ба бачаҳо ва ноболиғоне таваҷҷуҳ карданд, ки бе роҳбаладии калонсолон ба соҳили обҳо омада буданд.
Ҳамзамон бо волидони бачаҳо ва худи онҳо дар бораи қоидаҳои амният дар обҳо ҳамсуҳбат шуданд.
Дар поёни мулоқотҳо ба истироҳаткунандагон варақҳо ва китобчаҳои таблиғотӣ тақдим намуданд.