Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба корҳои таблиғотиву ташфиқотии худ дар мавриди риояи қоидаҳои бехатариву амният дар соҳили обҳо идома медиҳанд.
10 июли соли 2023 кормандони Раёсат дар як барномаи телевизионии вилоятӣ ширкат намуда, дар бораи мавсими оббозӣ, истироҳати сокинон дар соҳилҳо суҳбат карданд. Онҳо бештар дар ин бора гуфтугӯ намуданд, ки истироҳаткунандагон бояд дар соҳили обҳо чӣ гуна қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.
Вориди об шудан чӣ қоидаҳои вижа дорад? Кай бояд вориди об шуд ва киҳо метавонанд шиноварони хуб бошанд?
Дар ин барнома сухан бештар аз он мерафт, ки чаро одамон ва бахусус наврасону кӯдакон дар обҳо ғарқ мешаванд.
Кормандони Раёсат ба ин гуна суолҳо посух доданд ва гуфтанд, ки ҳаргиз набояд кӯдакон бе роҳбаладии падарону модарон дар соҳили обҳо ҳузур дошта бошанд. Як сабаби ҳодисаҳои нохӯш дар обҳо ин беназорат мондани кӯдакон аст.
Сабаби дигар он аст, ки аксаран аслан шиноварӣ наметавонанд, вале баробари наздик шудан, вориди об мешаванд.
Дар барнома гуфта шуд, ки бахусус дар ин шабу рӯз, ки бачаҳо мактаб намераванд ва дар таътили тобистона қарор доранд, нигарониҳо бештаранд. Зеро онҳо бештар вақти холии худро мехоҳанд дар наздикии обҳо гузаронанд ва бе роҳбаладии калонсолон рафтани бачаҳо метавонад боиси фоҷеаҳо шавад.
Бар замми ин аксари ҳодисаҳои фоҷеаомез замоне рух медиҳанд, ки бачаҳо ё калонсолон дар ҷойҳои мамнуъ оббозӣ мекунанд. Дар ҷойҳое, ки маъмулан наҷотдиҳандагон нестанд ё дуранд.
Дар ин намоиши телевизионӣ имдодгарон ба суолҳои зиёди дигар посух доданд ва аз аҳолӣ даъват намуданд, ки фарзандонашонро назорат кунанд ва нагузоранд, ки худсарона ба соҳили махзанҳои об оббозӣ раванд.