Кормандони Раёсати махсусгардондашудаи хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастаи наҷотдиҳандагони Кумита дар водии Зарафшон шаҳрванд Исмоилҷон Раҳмонов ва мошини тамғаи «Hyundai Sonata»-ро меҷӯянд, ки дар он ҷонишини раиси “Орёнбонк” Шӯҳрат Исматуллоев рабуда шуда буд.
Бино ба хабари расида шаҳрванд Исмоилҷон Раҳмонов ва мошини тамғаи «Hyundai Sonata” –ро баъди анҷоми амали ҷиноӣ дар километрҳои 118 ва 118,8 км роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ба дарёи Зарафшон партофтанд.
Наҷотдиҳандагони Раёсати махсусгардондашудаи хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастаи наҷотдиҳандагони Кумита дар водии Зарафшон дар имтидоди соҳил ҳамарӯза бидуни истироҳат пайи ҷиноятро меҷӯянд, то нишоне аз мошин ва шаҳрванд Исмоилҷон Раҳмонов пайдо кунанд.
Амалиёти ҷустуҷӯ дар вазнинтарин шароит идома дорад, чун ин мавзеъи тезҷараён ва умқтарини Зарафшон аст.
Барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот имдодгарон ҳама усулу шеваҳои пешрафтаву таҷрибашуда ва аз техникаи муосири садамавиву наҷот истифода мебаранд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар обҳои серҷараёну пурумқ бино ба техникаи бехатарӣ истифода аз ғаввосон мумкин нест.
Наҷотдиҳандагон бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд ба корҳои ҷустуҷӯӣ идома медиҳанд.