Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марказҳои истироҳату тафреҳ дар соҳили обҳои кишварро пайваста назорат мекунанд. Мутахассисон ҳамроҳ бо кормандони ВКД, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо дар ҷойҳои барои оббозиву шиноварӣ мамнуъ рейдҳо мегузароннад, бо сокинон суҳбатҳо мегузаронанд.
Чунончӣ, ахиран кормандони шуъбаи Кумита дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар соҳили “Кӯли ҷавонон” ва “Бешазор” бо истироҳаткунандагон вохӯрӣ гузаронида дар бораи қоидаҳои оббозӣ суҳбатҳо карданд. Ҳамчунин кумакҳои аввалия барои ҷабрдидагон дар обро амалан нишон доданд.
Наҷотдиҳандагон дар бораи хатарҳои оббозиву шиноварӣ дар ҷойҳои мамнуъ ба сокинон нақл карданд. Аз онҳо хостанд танҳо дар маконҳое оббозӣ кунанд, ки иҷозат дода шудааст. Ин гуна маконҳо ҳамеша барои истироҳат муносиб ва бехатару амнанд.
Ба онҳо гуфтанд, ки дар ҷойҳое, ки ҷараёни об тез аст, оббозӣ накунанд.
Кӯдакон ва наврасонро назорат намоянд ва нагузоранд, ки онҳо тани танҳо ба соҳили обҳо раванд.