Ярмаркази пешазидӣ дар КҲФ

Имрӯз дар бо ташаббуси роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дастгоҳи марказии он ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ барои кормандон баргузор шуд. Ин тадбири пешазидӣ буд ва кормандон тавонистанд баъзе намуди мавриди ниёзи худро бо нархи дастрас харидорӣ кунанд.

Маъмулан дар остонаи ҳар иду айём одамон барои ороиши дастурхони маъмулии идона ҳам ба маҳсулоте ниёз пайдо мекунанд, ки аз нархи бозор арзондар бошад.

Ҳама маҳсулоти ярмаркаи имрӯзаи КҲФ мансуб ба хоҷагии ёрирасони Кумита буд ва бахше аз онро хоҷагиҳои деҳқонии навоҳии гирду атрофи пойтахт оварда буданд.

Табиист, ки нархҳо аз бозор фарқ мекарданд, яъне арзонтар буданд.

барчасп: