Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар соҳили обҳо ва ҷойҳои пурҷамъияти Ҳисору ноҳияи Рӯдакӣ

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ

Бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги  бехатарии аҳолӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои пешгирикунанда ташкил ва гузаронида мешаванд.

Чунончӣ,, рӯзҳои 22-23 июни соли 2023 дар ҷойҳои серодами шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ бо истифода аз экрани мошини махсуси таблиғотии КҲФ ба аҳолӣ наворҳои омӯзишии омодашуда намоиш дода шуда, китбчаҳо ва варақаҳо тақсим карда шуданд.

Чунин чорабиниҳо дар ҳудуди дигар шаҳрҳои ноҳияҳои тобеи марказ низ идома хоҳанд ёфт.

барчасп: