Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабиниҳо ва мулоқотҳо бо чеҳраҳои саршиноси ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар баргузор мекунанд.
Яке аз чунин вохӯриҳо 23 июни соли 2023 дар Раёсати таъминоти моддию техникӣ, хӯрокворӣ ва нақлиёт, Раёсати кӯли Сарез ва Раёсати сохтмон, истифодабарии бино ва иншооти КҲФ баргузор шуд. Кормандони ин сохторҳо бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода доир гардид.
Иброҳим Мирзозода дар суханронии худ ба ҳозирин муроҷиат намуд ва гуфт, ки ин ҷашн Рӯзи Ваҳдати миллӣ номида шудааст, зеро он рамзи ягонагии халқи тоҷик, ҳамбастагии тамоми сокинони Тоҷикистон дар як миллат аст. ин ҷашн яке аз муҳимтарин ҷашнҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ин рӯз аз наслҳо даъват хоҳад кард, ки ба қадри оромиву субот бирасанд ва бидонанд, ки ин сулҳ ба чӣ баҳое омада ва чаро бояд онро ҳатман пос дошт.
Вай аз нақши калидии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу осоиштагӣ ва шукуфоии кишвари азизамон ҳарф зад ва афзуд, ки имрӯз шукргузории мардуми кишвари соҳибистиқлол аз он аст, ки раҳнамосози одилу тавоно, кафили амнияту оромӣ ва истиқлолияти давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаро ба марҳилаи комилан эътимодбахши тараққиёт раҳнамоӣ мекунад.