Дар мавсими шиноварӣ наҷотдиҳандагони КҲФ бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш бо истироҳаткунандагон дар ҷойҳое, ки оббозӣ манъ аст, корҳои таблиғотӣ мегузаронанд, онҳоро бовар мекунонанд, ки оббозӣ дар чунин ҷойҳо ниҳоят хатарнок аст. Ҳамзамон китобчаву варақаҳое паҳн мекунанд, ки қоидаҳои оббозии бехтар навиштаву нишон дода шудааст.
Чунончӣ, рӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд зимни рейдҳои муштарак аз соҳилҳо дидан намуда, истироҳатгоҳҳои соҳилиро аз назар гузарониданд. Рейдҳо дар ҳудуди пойтахт дар кӯлҳои Ҷавонон ва Чорбоғи 1 ва 2, дар ҳудуди вилояти Суғд дар соҳилҳои обанбори “Баҳри Тоҷик” ва дарёи Сир гузаронида шуданд.
Имдодгарон ин ин гаштугузорҳо бештар ба бачаҳо аҳамият медиҳанд, то онҳо ҳатман бояд зери назорати калонсолон бошанд ва ба танҳоӣ шиноварӣ наоянд. Ҳодисаҳои зиёде рух додаанд, ки бар асари онҳо кӯдакон ва наврасон ҷони худро аз даст додаанд. Кормандони Кумита зимни ин рейдҳо бо бачаҳо зиёд ҳамсуҳбат мешаванд ва ба онҳо қоидаҳои гаштугузор дар соҳили обҳо ва ҷойҳои барои шиноварӣ ҷудошуда суҳбатҳо мегузаронанд.
Наҷотдиҳандагон хотиррасон мекунанд, ки нисбати волидоне, ки кӯдаконро бе назорат мегузоранд, дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чораҳои қатъӣ андешида мешаванд.
КҲФ аз волидон хоҳиш мекунад, ки дар таътили тобистона фарзандони худро бодиққат назорат кунанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ нагузоранд, ки онҳо танҳо дар ҳавзҳо шиноварӣ кунанд. Корҳои пешгирикунанда, албатта, натиҷаи худро медиҳад, аммо кормандони КҲФ наметавонанд дар як рӯз тамоми соҳилҳоро якбора фаро гиранд. Дар робита ба ин, наҷотдиҳандагон хотиррасон мекунанд, ки беэътиноӣ ба амнияти худ дар назди об метавонад боиси фоҷеа гардад. Об бепарвоиро намебахшад...