21 июни соли ҷорӣ як духтари 16-солаи деҳаи Гармчашмаи ҷамоати деҳоти Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим бо сабабҳои номаълум нопадид шуд. Баъди ҷустуҷӯҳои зиёд билохира ҷасади ӯ дар соҳили дарёе, ки аз деҳа мегузарад, пайдо ва ба волидонаш супурда шуд.
22 июни соли 2023 наздик ба соати 13:40 хабар расид, ки як сокини 12-солаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ҳангоми оббозӣ дар канал ғарқ шуд. Сокинони деҳа ҷасади ӯро пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад: дар рӯзҳои таътили тобистона фарзандони шумо фориғ аз дарсҳову мактаб вақти холии худро бештар дар кӯчаҳо ва соҳили обҳо мегузаронанд. Ҳолатҳое ҳам ҳастанд, ки шумо дар хона ва ё саргарми кор дар коргоҳ намедонед фарзандонатон куҷоянд ва чӣ мекунанд.
Кумита бо эҳтиром аз Шумо хоҳиш мекунад ба хотири роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохуш вақти бештарро барои таътили хуби фарзандонатон ҷудо кунед ва талош намоед ҳамроҳи онҳо бошед.
Як рухдоди тасодуфӣ ҳам метавонад шуморо умре ғамзадаву парешон кунад.