Бино ба маълумоти Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ягон ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта нашуд, вале мутаассифона рӯйдодҳои нохуше ба вуқуъ пайвастанд, ки талафоти ҷонӣ доштанд.
Чунончӣ, 16 июни соли 2023 соати 08:00 як сокини 63-солаи деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара ҳангоми ҷорвочаронӣ дар минтақаи кӯҳии Зоғкалони деҳаи Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ба ҷарии умқаш наздик ба 800 метр сарозер шуд ва дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт.
Кормандони шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Балҷувон як дастаи ихтиёриёнро аз ҷумлаи сокинони деҳа гирд оварданд ва даст ба корҳои ҷустуҷӯӣ заданд. Ҷасади марҳумро ба зудӣ пайдо карданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
16 июни соли 2023 тахминан соати 12:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ мошини тамғаи «Toyota RAV4», ки аз ҷониби як сокини 43-солаи деҳаи Спинзи ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти Хоруғ дар ҳудуди деҳаи Шидзи ҷамоати деҳоти Абдулвосиев ба дарёи Панҷ сарозер шуд.
Дар ин ҳодиса ронандаро солим наҷот доданд, вале мусофихонуми 39-солаи ҳамроҳи вай натавонист аз дохили мошин берун шавад. Наҷотдиҳандагони КҲФ дар ВМКБ ба ҷойи ҳодиса расиданд, онҳо ба зудӣ худро ба мошини зери об расонданд, вале мусофири дохили он набуд. Бо ёрии бандҳо ва кран имдодгарон мошинро аз қаъри об берун кашиданд.
Дар айни замон ҷустуҷӯи ҷасади мусофири ғарқшуда идома дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекнуад ҳангоми чорвочаронӣ дар мантиқи кӯҳсор хеле эҳтиёткор бошанд ва дар маконҳое, ки хатарноканд, аз чаронидани чорвои худ худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин ба ронандагон тавсия медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ суръати ҳаракати мошинҳои худро боло набаранд ва ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.
Ҷони худ ва ҳамсафарони худро дар хатар наандозед!